Вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба маблағи 628,2 млн. сомонӣ муайян гардид

Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбики лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 71 чорабинии аудиторӣ гузаронда, дар 14 147 ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи умумии 628,2 млн сомонӣ муайян намуд, зикр намуд, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ.

Таъкид гардид, ки вайронкунии қоидаҳои молиявии хусусияти расмидошта дар 606 ҳолат ба маблағи 389,4 млн. сомонӣ ва вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ дар 13 282 ҳолат ба маблағи 238,8 млн сомонӣ муайян гардид.

Аз маблағи умумии вайронкунии низоми молиявии муайянгардида қоидавайронкуниҳо вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, 114,3 млн сомонӣ, пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ 100,0 млн сомонӣ, идоракунии моликияти давлатӣ 9,5 млн сомонӣ ва дар соҳаи сохтмон 14,4 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки зимни гузарондани чорабинии аудиторӣ вобаста ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2024 дар муносибат ба фаъолияти якчанд корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба маблағи 24,0 млн сомонӣ, вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуд.

Дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ дар 19 субъекти хоҷагидории давлатӣ гузаронда шуда, вайронкунии қоидахои низоми молиявӣ ба маблағи 13.0 млн. сомонӣ муайян карда шуд.

Дар ин давра аз натиҷан чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 14 мавод ба маблағи 8,4 мли сомонӣ барои чорачуӣ ва қабули қарорхои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, ба Прокуратураи генералӣ 11 мавод ба маблағи 8,0 мли сомонй, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 2 мавод ба маблағи 410,2 ҳазор сомонӣ ва 1 мавод ба Маркази ҷумхуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ ирсол карда шуд.

Барои густариши рақамикунонии раванди аудит, вусъат бахшидан татбиқи аудити фосилавӣ, канорагирӣ аз татбиқи аудити аз лиҳози иқтисодӣ камсамар, амалӣ намудани аудити ба хавф нигаронидашуда ва ба даст овардани далелҳои кофии аудиторӣ бе ташрифи ҳузурӣ ба объекти аудит, дар хусуси мукаммалгардонии сатҳи мубодилаи маълум. электронӣ ва ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ ҳамкориҳо қисман роҳандозӣ гардидааст.

Ш. Аҳмад

радиои «Тоҷикистон»