Дар Донишкадаи тибби-иҷтимоии Тоҷикистон, 3218 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифтта шудаанд, ки теъдоди донишҷўён нисбати шашмоҳаи соли гузашта 777 нафар зиёд мебошад. Инчунин дар Донишкада 125 нафар донишҷў аз 7 давлати хориҷ таҳсил менамоянд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 64 нафар зиёд аст. Дар самти таҷрибаомӯзӣ, ректори Донишкадаи тибби-иҷтимоии Тоҷикистон Заррина Ибодзода гуфт, ки донишкада бо 51 муассисаҳои тиббӣ ва профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки бо 2-тои он дар шашмоҳаи соли ҷорӣ шартнома баста шудааст. Донишҷўёни Донишкада бо се забон ба таҳсил фаро гирифта шуда дар соли ҷорӣ 28 нафар бо сабабҳои гуногун хориҷ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни нишасти хабарии Донишкадаи тибби-иҷтимоии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фармасевтӣ ва иттилооти фармасевтӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои фарматсевтии ватанӣ 7 номгуй маводи доругӣ дар заминаи моддаҳои фаъоли биологӣ коркард намуда, онро ба истеҳсолот ворид намудаанд.
Гулрў Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”