Воридоти сармояи хориҷӣ ба беш аз 3 миллиард доллар расид

Давоми шаш моҳи соли равон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 3 миллиарду 303.9 миллион доллар ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 231.1 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора Султон Раҳимзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Қайд гардид, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар 82 адад мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45.3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Сарвинози С.

радиои «Тоҷикистон»