Дар нимсолаи якуми соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 1 231,1 млн. доллари ИМА ё 59,4 фоиз зиёд мебошад.
Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ 1 412,8 млн. доллари ИМА ё 42,8 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба хаҷми 588,4 млн. доллари ИМА ё 71,4 фоиз афзоиш ёфтаааст. Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур 1891,1 млн. доллари ИМА ё 57,2 фоизро ташкил намудаааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 642,6 млн. доллари ИМА е 51,5 фоиз зиёд гардидааст, — зикр гардид дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Раиси кумита Султон Раҳимзода дар мавриди воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки он дар ҳаҷми 144,7 млн. доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, 2 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 190 млн. доллари ИМА бо ташкили беш аз 750 ҷойи кории нав ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар бар мегирад.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 82 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағтузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45,3 млрд. сомонӣ (4 598,1 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
Дар таркиби маҷмўи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,1 млрд. сомонӣ (3,2 млрд. доллар) 2 71 фоиз, карзӣ 11,6 млрд. сомонӣ (1,2 млрд. доллар) 2 25,8 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ (143,8 млн. доллар) ё 3,1 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатй, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 57,2 млн. сомониро ташкил медихад.
Дар самти соҳибкорӣ бошад, зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 375133 адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунад, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 16 525 алад ва ё 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии субъектхои хоҷагидор, соҳибкорони инфиродӣ 339 560 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 15 374 адад ва ё 4,7 фоиз зиёд гардидааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”