Сохтани 218 корхонаи нави саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, дар нимсол

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар ҳудуди кишвар 218 корхонаи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3849 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 269 корхона зиёд мебошад.

Дар ин бора имрӯз Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.

Дар ин давра дар қаламрави кишвар 218 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 3429 ҷойи корӣ, иловагӣ ва барқароршуда дар соҳаи саноат, аз ҷумла:

  • дар ВМКБ 45 корхона бо 135 ҷойи корӣ;
  • вилояти Суғд 83 корхона бо 515 ҷойи корӣ;
  • вилояти Хатлон 42 корхона бо 270 ҷойи корӣ;
  • НТҶ 23 корхона бо 103 ҷойи корӣ;
  • ш. Душанбе 25 корхона бо 151 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст.
    Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 95,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»