Ҳаҷми ММД 70,8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил додааст

Дар нимсолаи якуми соли 2025 устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми ММД 70, 8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8, 1 фоизро ташкил дод. Чунин иттилоъ дод имрӯз зини нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода.

Инчунин ҳаҷми ММД-и мамлакат дар моҳҳои январ-июни соли 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 2,9 фоиз баробар афзоиш ёфт. Гуфта шуд, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраҳои 5 соли қаблӣ 1, 9 фоизӣ баланд аст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 тамоюлҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоҳо вобаста ба ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, тағйирёбии нархҳои молу маҳсулоти нафтӣ ва ниёзи аввал ва ҳамзамон шиддат гирифтани муносибатҳо байни кишварҳо дар Ховари Миёна идома ёфт. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта 0,1 банди фоизӣ паст мебошад.

Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»