Айни замон тавассути Вазорати нақлиёти кишвар 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт хабар дода шуд. Қайд гардид, ки 7 лоиҳа ба маблағи 856.9 миллион доллар дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дошта, 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 283. 3 миллион доллар ба анҷом расиданд ва дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон таъсиси 11 маркази логистика ба нақша гирифта шудааст. Ба таъкиди Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар аз ин шумора 5 ададаш марказҳои агрологистика, 5 адад маркази логистикии саноатӣ ва як адад хизматрасонии автомобилӣ мебошанд.
Қарораст, ки дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат — Пахтаобод хатсайри қатораҳои барқӣ ташкил карда шавад. Ба гуфтаи Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон ва муовини якуми вазири нақлиёт бо мутахассисон аз Кореяи ҷанубӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаи лоиҳакашию барқикунонии роҳи оҳани Ваҳдат — Пахтаобод баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон дар роҳҳое, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор доранд, 268 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки нисбат ба соли гузашта 104 адад зиёд мебошад. Дар натиҷаи садамаҳо 124 нафар ба ҳалокат расида, 286 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба таъкиди Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар яке аз сабабҳои асосии сар задани садамаҳо, ин надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва бо суръати баланд рондани воситаи нақлиёт дар шоҳроҳҳо мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои»Тоҷикистон»