Тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт беш аз 21 млн тона бор мунтақил шудааст

Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 32,1% (21 млн. 406,1 ҳазор тонна) боркашонӣ ва наздик ба 97,4% (497 млн. 951,7 ҳазор мусофир) мусофирон тавассути нақлиёти автомобилии системаи вазорати нақлиёт  интиқол дода шудааст, — таъкид шуд дар нишасти матбуотии вазорати нақлиёт аз ҷониби вазир Азим Иброҳим.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки  интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 мутаносибан ҳаҷми боркашонй 124,5% (1490,6 ҳазор тонна), гардиши бор 135,8% (2596,5 млн.тонна-км), мусофирбарӣ 118,4% (35,64 ҳазор мусофир) ва гардиши мусофирон 118,4% (24,95 млн.мус.км) иҷро гардидаанд.

Воридоти байналмилалӣ нисбат ба содирот 340,6 ҳазор тонна е 1,5 маротиба зиёд буда, боркашонии транзитӣ 18,774 ҳаз. тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2024, 18,761 ҳаз, тонна зиёд буда, дар ин раванд хиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 52%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давран соли гузашта 5%  кам шудааст.

Тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 70,0 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

Тавассути роҳи оҳан дар 6-моҳи соли 2024, 3 млн. 628,6 ҳазор тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба 6-моҳи соли 2024 боркашонӣ 113,8% ва мусофирбарӣ 100,1%-ро ташкил дод.

Таҳлили боркашонй нишон медиҳад, ки 90,3% ба интиқоли воридотӣ, 5,9% интиқоли содиротӣ ва 3,7% боркашонии маҳаллӣ (дохилӣ) рост меояд. Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ КВД «Роҳи оҳани Точикистон» сабукиҳоро то 80 фоиз пешниҳод намудааст. Ҳамчунин бо маъмуриятҳои Роҳи оҳани кишварҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Қазокистон, Россия ва дигар кишварҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст.

Дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД «Роҳи оҳани Точикистон» ба маблағи  23,7 млн. сомонӣ 92 вагон (89 боркаш ва 3 мусофирбар) аз таъмири асосӣ ва 194 вагон (193 боркаш ва 1 мусофирбар) аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон ба маблағи 16,5 млн. сомонӣ корҳои таъмири хатти роҳ (аз ҷумла дар 24,1 км ба маблағи 15,5 млн сомонӣ корҳои бардошту ивази релсҳо) гузаронида шуданд.

Сохтмони биноҳои нави истгоҳҳои Регар ва Ваҳдат бо корҳои ободигардонӣ ва корҳои васлкунии коммуникатсияҳо ва пардозӣ, муҷаҳҳазгардонии утокҳои корӣ бо маводу таҷҳизотҳои лозимаи замонавӣ анҷом ёфта, ба истифода супорида шудаанд.

Ҳамчунин оид ба лоиҳаҳои сармоягкзорӣ зикр карда шуд, ки аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 737,0 млн. доллари ИМА, (Созишномаҳои қарзию грант-65%, Қарордодҳои имзошуда 72%), ки ва дар давраи ҳисоботӣ 104,3 млн. доллари ИМА корхо иҷро шудаанд, ки 123,0%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара Гулистон (49 километр) ба маблағи 131,4 млн. доллари ИМА, Гулистон Фархор 29,6 километр ба маблағи 41 миллион доллари ИМА ва таҷдиди р/а Обигарм-Нуробод, кисмати 3 (Пули калон 920 м) ба маблаги 80,85 млн. доллари ИМА оғоз гардиданд.

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 25-28 июни 2025, якчанд лоиҳаи муҳими соҳаи нақлиёт мавриди истифода карор дода шуданд:

Сохтмони роҳи автомобилгарди  «Душанбе-Қулма, китъаи Қалъаихумб-Ванҷ-Сарҳади н. Рӯшон» бо дарозии 93 км, 1 адад нақб бо дарозии 3400 м, ва 13 адад пули мошингарди хурду бузург, ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе Қулма бо дарозии 16 км. дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ БРАМОМ-4» дар ВМКБ дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон 550 метр долони зиддитармавӣ ва пули мошингузарро бо дарозии 82,3 метр, пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ, ки ду соҳили дарёи Ғунд ва ғайра ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон соли чорӣ 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 447,1 млн. доллар, 138 км. роҳҳо бо инфрасохтори зарурияш истифода дода мешаванд, ки инҳо;

— Рогун — Оби гарм — Нуробод, 76 км;

— Роҳ аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун, 11 км;

— Нақби Истиқлол, марҳилаи 2;

— 51 км роҳҳо дар вилояти Суғд, —

Илова намуд вазири нақлиёт Азим Иброҳим.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”