НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшан кисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ ба андозаи 108,0 фоиз таъмин гардид

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар шаш моҳи соли 2025 ба андозаи 126,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 393,6 млн. сомонии нақшаи аниқшуда ба буҷет 497,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 104,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — иброз намуд раиси ноҳияи Фирдавсӣ  Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсй 220 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 882.9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (650,2 млн. сомонӣ) ба маблағи 232,7 млн. сомонӣ ё ба андозаи 35,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 5 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 18 ҷойи нави корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ  оғоз намуданд.

Раиси ноҳия Фирдавсӣ таъкид дошт, ки санаи 10 апрели соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Гардӣ 2015», воқеъ дар кӯчаи Қаҳҳоров 123. бо таъсиси 400 ҷойи нави корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 2199,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 493,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 915,8 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо ба маблағи 223,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ бошад дар ин давра, 114,9 млн. сомониро ташкил намуда, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 15,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — илова намуд раиси ноҳия.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”