Форуми 18-уми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Имрӯз дар китобхонаи милли илмҳои Тоҷикистон бо ташабусси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардустонаи кишварҳои узви ИДМ ва академияи милли илмҳои Тоҷикистон Форуми 18 зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ  Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Раёсати МФГС Полат Булбул оғлу, Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкориҳои байналмиллалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва зиёда ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок доранд. Дар оғози Форум Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Ҳамчунин дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда таъкид доштанд, ки Форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ табдил ёфта муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷидди табдил меёбанд.

Дар ин хусус ҳамкорамон Мафтуна Холматзода аз ҷараёни Форуми мазкур иттилоъ дод.