8 июли соли 2025 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи ВКХ зимни мулоқот ҷонибҳо рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика ва рушди муносибатҳои байниминтақавиро муҳокима намуданд
Инчунин масъалаҳои марбут ба рафти сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона, инчунин омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон дар пойтахти Қазоқистон баррасӣ гардиданд.