12 июн Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон эълон шудааст. Тибқи меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, шахсони то синни 18-сола ноболиғ ҳисобида мешаванд ва кӯдак ин шахсе мебошад, ки ҳуқуқи аз болои худ нигоҳубин кардан, кумак расонидан аз ҷониби давлат ва ҷомеаро талаб мекунад.
Аз соли 2000 инҷониб, дар тӯли тақрибан ду даҳсола, ҷаҳон дар самти коҳиш додани меҳнати кӯдакон ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст. Аммо тайи чанд соли охир низоъҳо, бӯҳронҳо ва пандемияи COVID-19 бештари оилаҳоро ба фақр тела дода, боиси ҷалби кӯдакон ба корҳои мушкил гардид.
Тибқи маълумоти Хазинаи кудакони СММ ЮНИСЕФ имрӯз дар саросари ҷаҳон 160 миллион кӯдак ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб гардидааст, ки аксари онҳо дар кишварҳои Африқоӣ мебошад. Минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар ҷои дуюм қарор дошта, 62 миллион кудак ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шудаанд. Қисми боқимондаи меҳнати кӯдакон дар Амрико (11 миллион), Аврупо ва Осиёи Марказӣ (6 миллион) ва кишварҳои арабӣ (1 миллион) рост меояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (1989), Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан» ва «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба манъ намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад. Баҳри дар амал таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла барҳам додани меҳнати кӯдак дар пеш корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Чунки давлатҳои аъзои Созмони байналмилалии меҳнат, ки Тоҷикистон низ аъзои он аст, мақсад гузоштааст, ки то соли 2028 шаклҳои бадтариини меҳнати кӯдаконро барҳам диҳанд.
Бояд зикр намуд, ки дар робита ба ин масъала Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати шахсони аз 18 — сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо» дар асоси моддаи 177-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 4 марти соли 2014 қабул гардидааст.
Дар қарори мазкур меъёре пешбинӣ гардидааст, ки шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, корҳои шароиташон номусоид ва хатарнок, ҳадди меъёри борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо ба танзим дароварда мешавад. Ҳамзамон бояд ёдрас шуд, ки моддаҳои 35-и Конститутсия ва 177-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои вазнин ва шароиташон зарарноку хатарнок ҷалб намудани кӯдаконро манъ менамоянд.