ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба истиқболи 28 умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода , директори МТС- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода ва дигарон суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш аз талошҳои Пешвои миллат дар пойдории сулҳу ваҳдат, эътирофи ин иқдомҳои сулҳҷӯёнаву ваҳдатофарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, нақши ваҳдат дар пешрафти соҳоти ҷомеа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хотиррасон карда шуд.

Ҳамагон дар маърӯзаҳои худ зикр менамуданд, ки маҳз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавии худ мардуми Тоҷикистонро ба ҳам оварда, кишварро ба як макони орому амн табдил дод ва мо ҳамагон бояд ин дороиро ҳифз намуда , ба қарди оромиву осоиштагӣ бирасем. Зеро дар замони тағйирёбандаи имрӯза пойдории сулҳ асоси ҳама пешрафт ва идомаи зиндагӣ мебошад.

Ш. Аҳмад

радиои «Тоҷикистон»