Оғози Чемпионати Осиёи Ғарбӣ байни кӯдакон ва наврасон оид ба шоҳмот дар Душанбе

Имрӯз дар Кохи Олимпи шаҳри Душанбе Чемпионати Осиёи Ғарбӣ байни кӯдакон ва наврасон оид ба шоҳмот оғоз гардид.

Мусобиқа то 29 –уми апрел давом карда дар он беҳтарин шоҳмотбозони ҷавон аз минтақа миёни ҳам рақобати зеҳнӣ мекунанд.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, дар мусобиқа зиёда аз 400 нафар аз 13 кишвар — аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд. Онҳо барои гирифтани ҷоизаҳо ва нишон додани маҳорати худ рақобат мекунанд.

Мусобиқаро Федератсияи шоҳмоти Осиё ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ташкил намудааст. Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе бори аввал мизбони Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот гардид.