Омодагии муассисаҳои ноҳияи Рашт ба фасли зимистон хуб арзёбӣ мегардад

Омодагиҳо ба фасли зимистони дарпешистода дар ноҳияи Рашт хуб арзёбӣ мешаванд. Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо ба миқдори зарурӣ ангишт, ҳезум ва дигар навъҳои сӯзишворӣ захира карда шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳамдулло Шарифзода, бо мақсади таъмини ташкилоту муассисаҳо бо маводи сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия маблағҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, барои хариди маводи сӯхт 2 миллиону 164 ҳазор сомонӣ барои соҳаи маориф, 225 ҳазор сомонӣ барои соҳаи тандурустӣ, 41 ҳазор сомонӣ барои соҳаи фарҳанг ва 145,6 ҳазор сомонӣ барои дигар соҳаҳо ҷудо шудааст.

Аҳолии ноҳия ангиштро аз 21 нуқтаи фурӯш харидорӣ мекунанд. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» низ нуқтаи фурӯши ангишт бо нархҳои дастрас ташкил шудааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия 22 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 17 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо ба фасли сармо омода мебошанд. Зимистони ноҳияи Рашт сарду сербарф ва тӯлонӣ аст, аммо бо вуҷуди ин мушкилоти ҷиддӣ ба назар намерасад, зеро ҳамасола барои фасли зимистон миқдори зиёди ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира карда мешавад.

Ҷамшед Раҳимбеков,

ноҳияи Рашт