ДАР БОХТАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» БАРГУЗОР ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ба кори худ оғоз кард.

Дар кори Форум ҳайатҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, намояндагони ташкилоту ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва зиёда аз 300 сармоягузору соҳибкори ватанию хориҷӣ иштирок доранд.

Форум бо боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилоят ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории Хатлон оғоз гардид.

Дар суханронии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфта шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Вилояти Хатлон низ дар ин раванд рушди устувор дорад.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз 22,1 млрд сомонӣ дар соли 2020 то 49,5 млрд сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфтааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 ин нишондиҳанда 37,2 млрд сомониро ташкил дода, суръати рушди воқеӣ 8,1 фоиз, саноат 15,5 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз мебошад. Ба сармояи асосӣ қариб 3,5 млрд сомонӣ равона гардидааст, ки 25,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳадафи асосӣ на танҳо афзоиши нишондиҳандаҳо, балки пешбурди модели рушдест, ки ба таъсиси корхонаҳои муосир, ҷойҳои кории устувор, афзоиши содирот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар Форум қайд гардид, ки вилоят бо аҳолии қариб 4 миллион нафар ва масоҳати 24,8 ҳазор километри мураббаъ, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва захираҳои фаровон дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошад. Вилоят зиёда аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ ва 80 фоизи неруи барқи ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

Самтҳои афзалиятноки пешниҳодшуда барои сармоягузорӣ: коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, ташкили занҷираи пурраи истеҳсолӣ аз ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди сардхонаҳо ва марказҳои муосири логистикӣ, рушди саноати масолеҳи сохтмон, энергетика, иқтисоди сабз ва сайёҳӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки муносибат ба сармоягузор бар асоси эътимод, масъулият ва ҳамкории дарозмуддат ба роҳ монда шуда, барои ҳар як лоиҳаи муҳим масъулони ҳамоҳангсозӣ муайян карда мешавад.

Кори Форум дар се панели соҳавӣ – кишоварзӣ, саноат ва логистика идома дошта, дар фарҷом мулоқотҳои мустақими соҳибкорон ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ баргузор мегардад.

М. Акрамов