Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он — «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози тоҷик» баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Соҳибзода, сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии Кумита Моҳшариф Холиқзода, директори Радиои Тоҷикистон Мансур Шоҳиён, сармуҳаррирон ва кормандони шабакаҳои радиоӣ иштирок намуданд.
Нахуст, директори Радиои Тоҷикистон Мансур Шоҳиён оид ба натиҷаҳои фаъолияти радио ва шабакаҳои он дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дода, самтҳои асосии фаъолият ва дастовардҳои ин давраро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, сармуҳаррирони шабакаҳои радиоӣ доир ба фаъолияти идораҳо, раванди таҳия ва пахши барномаҳо, бахшу гуфторҳои радиоӣ, фарогирии мавзуъҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва натиҷаҳои бадастомада дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъули сомонаҳои радио ҳисобот ироа намуда, ба рушди фаъолияти чандрасонаии Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои густариши фаъолияти сомонаҳо ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди бахшу гуфторҳои радиоӣ дар шакли матн, садо ва видеоӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои платформаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои фарогирии бештари тамошобинону корбарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Соҳибзода баромад карда, аз натиҷаҳои фаъолияти радио ва шабакаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати барномаҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, риояи талаботи касбӣ ва таҳкими нақши радио дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар ҷараёни ҷаласа фаъолияти нуҳмоҳаи шабакаҳо баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти муҳтавои бахшу гуфторҳои радиоӣ, рушди фаъолияти чандрасонаӣ ва баланд бардоштани сифати барномаҳо вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.
