Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд баргузор гардидааст.
Сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа натиҷаҳои таҳияи Нақшаи идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки тибқи методологияи нави Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мегардад, баррасӣ шуданд.