XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид

Имрӯз, 22 октябр, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.

Ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мебошад.

Дар доираи чорабинӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Фарҳанги тарғиби китобхонӣ дар шароити феълӣ», мизҳои мудаввар ва муаррифии китобҳои тозанашр баргузор мешаванд. Барномаи намоишгоҳ то 24 октябр идома ёфта, меҳмонон метавонанд бо дастовардҳои ноширон ва китобҳои тозанашри ватаниву хориҷӣ шинос шаванд.

Ин чорабинӣ ба рушди китобу китобдорӣ, дастгирии ноширони ватанӣ ва ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ мусоидат мекунад.