Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни иҷлосия нахуст масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 баррасӣ гардида, ҳисоботи масъулон шунида шуд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо ва таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар фасли сармо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, рафти иҷрои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, сарфаи энергия, рушди манбаъҳои барқароршавандаи неру, нақлиёти экологӣ ва идоракунии дурусти партовҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷлосия баррасӣ ва тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026–2030» буд. Барномаи мазкур рушди соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, саноат, соҳибкорӣ, рақамикунонӣ, ҷалби сармоя ва такмили инфрасохтори шаҳриро фаро мегирад.
Дар анҷоми баррасии масъалаҳо муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба масъулони сохторҳои шаҳрӣ ҷиҳати иҷрои босифати барномаи тасдиқшуда, рушди инфрасохтор, татбиқи технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
