Имрӯз дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе VIII Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» ифтитоҳ гардид.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Фестивал то 26 октябри соли равон идома ёфта, дар ин муддат театрҳои кишварҳои иштирокчӣ намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинони тоҷик мегардонанд.
Инчунин, дар доираи фестивал ташкили саёҳат ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, вохӯрии роҳбарони театрҳои лӯхтаки кишварҳои иштирокчӣ ва баргузории дарсҳои маҳорат ба нақша гирифта шудааст.
