БАРРАСИИ ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

Дар «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид. Ҳамоиш ба баррасии масъалаҳои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон ва беҳтар намудани низоми дастгирии қурбониёни ин ҷиноят бахшида шуд.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, инчунин намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зариф Ализода зимни ифтитоҳи конференсия таъкид кард, ки муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор ва татбиқи чораҳои муассири пешгирикунанда нақши муҳим доранд.

Зимни муҳокимаҳо иштирокдорон ба масъалаҳои рушди заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо савдои одамон, мушкилоти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои такмили механизмҳои расонидани кумак ба шахсони аз ин ҷиноят зарардида таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамчунин, зарурати муайян намудани роҳҳои муассири пешгирии чунин ҷиноятҳо ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқии қурбониён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки муборизаи самаранок бо савдои одамон ҳамкории пайгирона ва ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдорро тақозо мекунад. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои савдои одамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии қурбониён ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва кумаки иҷтимоӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ин соҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар қисмати ҷамъбастии конференсия иштирокдорон атрофи мушкилоти мавҷуда, роҳҳои такмили қонунгузории миллӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои байниидоравию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳлили масъалаҳои мубрами соҳа, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои масъул дар самти муқовимат ба савдои одамон заминаи мусоид фароҳам меорад.