Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд

Дар партави сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумаки инсондӯстона ирсол гардид. Кумак тавассути 22 мошини калони боркаш ба минтақаҳои осебдида фиристода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ҳаҷми умумии кумак, ки аз хӯрокворӣ,  либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат буд, 210 тоннаро ташкил дод.

Мақсади ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирии моддӣ ва маънавии сокинони зарардида мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз рух додани офати табиӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани ёрӣ ба осебдидагон чораҳои фаврӣ амалӣ гардида, тамоми ниҳодҳои дахлдор ба минтақаи зарардида сафарбар шуданд. Ирсоли кумак аз вилояти Суғд низ идомаи чунин тадбирҳо мебошад.