Ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон

Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, пеш аз оғози маросим дар дохили бинои китобхона намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар оғози маросим Давлат Сафар муовини вазири фарҳанги кишвар суханронӣ карда, нақши китобро дар рушду инкишофи тафаккури кӯдакон муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар маросим намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва адибони ашъори бачагона иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ кӯдакону наврасони фаъол дар мавзуҳои гуногун шеърхонӣ намуданд.