Тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилӣ ва алоқаи Ҷопон аҳолии ин кишвар дар давоми солҳои 2023 – 2024, 550 ҳазор нафар кам шудааст. Соли 14-ум аст, ки шумораи ахолии Ҷопон кам мешавад. Ҳоло мамлакат 123,8 миллион нафар аҳоли дорад.
Дар маҷмуъ, шумораи шаҳрвандони Ҷопон 898,000 нафар кам шуд, ки ин бузургтарин коҳиши солона аз замони нигоҳ доштани омор аз соли 1968 инҷониб аст. Дар баробари ин, аҳолии Ҷопон ба таври назаррас пир шуда истодааст. Дар охири сол ҳиссаи сокинони то 15 сола 11,2 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил дод. Ин 13 миллиону 830 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 343 ҳазор нафар камтар буда, дар таърих камтарин нишондод аст. Аммо шумораи сокинони куҳансол (аз 65-сола боло) торафт меафзояд. Дар соли 2024 шумораи онҳо 17 ҳазор нафар афзуда, ба 36,24 миллион нафар расид. Онҳо аллакай 29,3 фоизи аҳолии Ҷопонро ташкил медиҳанд.