Имрӯз бо ташаббуси МИҲД шаҳри Душанбе намоиши аксҳо баргузор гардид, ки дар он 100 акси беҳтарини аксбардод Дидор Саъдуллоев аз маконҳои зебо ва сайёҳии шаҳри Душанбе гирифта шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар саҳифаи «Dushanbe-Travel» нашр гардидаст ба манзури тамошобинон карда шуд.
Ҳамчунин масъулин иттилоъ доданд, ки ин намоиши аксҳо то 19-уми апрел идома мекунад ва нафарони хоҳишманд метавонанд ба «Майдони Истиқлол» омада аз аксҳо дидан намоянд.
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»