Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Субҳи 16 апрел, соати 04:14 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази заминларза дар Тоҷикистон дар километри 320-уми самти ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе ва километри 121-уми самти ҷанубу ғарбии ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шуд.

Маркази асосии заминларза Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Афғонистон заминларза 5 балл, ноҳияи Ишкошим 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.