Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия муҳтарам Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Сарвазири Малайзия ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавӣ боиси ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун ходими  сиёсиву давлатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он маъруфият пайдо карда, соҳиби обрӯву иззат ва эътибори шоиста гардида буд.

Мо саҳми ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавиро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Малайзия қадр мекунем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо ва мардуми барои мо бародари Малайзия ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро баён намуда, ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам».