Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин сафар, ки се рӯз — аз 15 то 17 апрелро дар бар мегирад, мулоқоти Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин вохӯрии муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав доир хоҳад гашт, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тибқи барномаи сафар, меҳмонон Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Майдони «Истиқлол» -ро тамошо менамоянд.