ЮНИСЕФ: 14 миллион кӯдак ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд

Дар гузориши интишорнамудаи ЮНИСЕФ омадааст, ки 14 миллион кӯдак дар ояндаи наздик ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд. Тибқи изҳороти ин созмон дар кишварҳои Африқо, ки хушксолӣ, бемориҳои сироятӣ ва даргириҳои мусаллаҳона идома дорад, ба сокинони маҳаллӣ барои дастрасӣ ба ғизо мушкилӣ пеш овардааст.
Коршиносони СММ қайд мекунанд, ки 14 миллион нафари онҳо кӯдакони то 5-сола мебошанд. Яке аз донорҳои аслии ин кишварҳои фақир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба манзури коҳиши хароҷоти давлатӣ аз аввали сол кумаки молии байнулмилалиро 83 дарсад коҳиш додааст. Вазъият ба ҳадде сангин аст, ки 28 ҳазор маркази тиббии ин созмон, ки кӯдакон аз норасоии ғизо табобат мегиранд, метавонанд ба зудӣ баста шаванд.