Ифтитоҳи расмии “Дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии “Дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 82 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.

Нахуст, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.

Сипас, Раҳим Саидзода аснои баромадаш қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар навбати худ ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат, равобити наздикро бо вазорату ниҳодҳои самти маорифи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба роҳ мондааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико, ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар идома ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишвар ва хориҷи он оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуданд, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар рафти “Дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта шуд, ки Намоишгоҳи мазкур барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал – намоишгоҳи мазкур дирӯз дар Маркази «ЭКПО -ДУШАНБЕ» бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус шурӯъ шуд, ки аз он дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандагону толибилмон дидан намуданд. Баргузории Фестивал – намоишгоҳ то 18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд идома хоҳад ёфт.

Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»