Дар Туркия ҳаво яку якбора сард гардид, ки ин ҳолат дар 30 соли ахир бори аввал аст, ки рӯх медиҳад. Ҳарорати ҳаво дар як қатор манотиқ то 15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ҷойҳо барф борид, — хабар медиҳад 24KZ.
Хабаргузории Anadolu гузориш медиҳад, ки тақрибан 81 вилояти ин кишвар аз ҳосил зарар дидаанд. Обу ҳавои номусоид ба дарахтони зардолую токзор зарари калон расонда, дар баъзе чойҳо ниҳолҳои бихӣ, чормағз, бодом зарар диданд.
Коршиносон аллакай ба арзёбии хисорот ва омода кардани чораҳои дастгирии деҳқонон шурӯъ кардаанд.