Олимон: Гармшавии глобалӣ мавсими аллергияро бадтар мекунад

Аллергияҳои мавсимӣ ба эпидемияи воқеии ҷаҳонӣ табдил меёбанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола шумораи гирифторони аллергия дар ҷаҳон тақрибан 30 миллион нафар меафзояд. Яке аз шаклҳои маъмултарини беморӣ аллергияи гардолудшавӣ, ва табларзаи алаф мебошад, ки ҳар даҳсола шумораи ҳолатҳои ташхисшуда ду баробар меафзояд.

Олимони амрикоӣ афзоиши алергияро ба оқибатҳои тағирёбии иқлим дар рӯи замин рабт медиҳанд. Тавре коршиносон қайд мекунанд, тағирёбии иқлим боиси афзоиши шумораи гирифторони аллергия дар минтақаҳои сард мегардад.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 400 миллион нафар аз аллергияҳои мавсимӣ азият мекашанд. Ва агар қаблан ин беморӣ асосан дар одамони аз 18 то 40-сола ташхис шуда бошад, имрӯз нишонаҳо дар кӯдакону наврасон бештар мушоҳида мешаванд.