Оғози парвозҳо дар масири Киш-Душанбе-Киш

Имрӯз, 16-уми марти соли 2025 ҳавопаймои ширкати “Kish Air”- и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масири Киш-Душанбе парвози ифтитоҳӣ анҷом дод.

Мусофирони ҳавопаймои ин хатсайри чартерӣ аз ҳайати Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзноманигорон ва намояндагони касбу кори гуногун иборат буданд.

Гуфта шуд, ки парвоз дар ин масир 3 соатро дар бар гирифта он ҳафтае як маротиба сурат мегирад.
Ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр” аз се парвози чартерие, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Душанбе дар назар дошта буд, имрӯз нахустинашро анҷом дод.

Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ парвозҳои мустақим дар масири Киш-Душанбе-Киш пас аз анҷоми ин парвозҳо ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод парвозҳо дар ин масир мавсимӣ буда дар баҳор ва тобистон амалӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз аввалҳои соли 2025 низоми раводид миёни Эрон ва Тоҷикистон барои сафари ҳавоӣ пурра лағв гардид. Ҳоло шаҳрвандони ду кишвар, бе ягон мушкилӣ метавонанд, тариқи ҳавоӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Муҳаммад Субҳонзода,
радиои «Тоҷикистон»