Вазири давлатии Британия оид ба корҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва қаламравҳои хориҷӣ Стивен Даути рӯзи имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ таърихӣ унвон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар.
«13 март барои Тоҷикистон ва Қирғизистон таърихӣ шуд: онҳо созишномаи делимитатсияи сарҳадро имзо намуданд. Ҳамкории онҳо ба сулҳ, субот ва амният дар минтақа мусоидат хоҳад намуд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазири давлатии Британия оид ба корҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва қаламравҳои хориҷӣ Стивен Даути.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.