НАХУСТИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» рузҳои  24-26 марти соли  2025 дар  меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ  «Hyatt Regency Dushanbe ва Намоишгоҳ дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи Душанбе “Dushanbe Expo Centre” баргузор мегарданд, — хабар доданд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.    

Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон платформаи муассири муколама ва ҳамкории минбаъда байни истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тахассусӣ барои саноати заргарӣ, ширкатҳо ва брендҳои заргарӣ, истеҳсолкунандагони металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, инчунин маснуотҳои заргарӣ мегардад.

Ҳадафи чорабинӣ табодули таҷриба байни коршиносони бахшҳои гуногуни  соҳаи саноати заргарӣ, аз ҷумла муҳандисон, технологҳо, дизайнерон, маркетологҳо, санъатшиносон, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли самараноки амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсолоти маснуоти заргарӣ ва муттаҳид намудани саъю кӯшиши намояндагони Ҳукумат ва соҳибкорон мебошад.

Дар Форум ҳудуди 50 ширкати заргарии маҳаллӣ, ҳунармандон ва дизайнерони заргарӣ, ҳунармандони инфиродии соҳаи заргарӣ, тарроҳон инчунин зиёда аз 200 нафар намояндагон аз  кишварњои хориҷӣ ба монанди Италия, Шветсария, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Русия, Туркия ва дигар кишварҳои Шарқи Аврупо ширкат хоҳанд намуд.

                     Шоистаи Аҳмад,

            радиои «Тоҷикистон»