14 марти дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо-2025 баргузор гардид. Дар брифинг сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Мирзошариф Ҷалолов ва Сардори котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо-2025 Бойзода Саноӣ доир ба омодагӣ ба раванди Конфрони сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо маълумот доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва самаранок баргузор намудани ин чорабинии байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба баргузор намудани Конфронсро ташкил намуд, ки роҳбарии онро Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ба уҳда дорад.
“Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо-2025 намояндагони ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, сохторҳои илмиву тадқиқотӣ ва як қатор кишварҳои ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Барномаи конфронс маросимҳои ифтитоҳ ва пӯшидани конфронсҳо, ҷаласаҳои пленарӣ, мизҳои мудаввари роҳбарон, форумҳои пешазконфронс ва ҷаласаҳои мавзӯиро дар бар мегирад”,-изҳор намуд, — Сардори котиботи Конфронс Бойзода Саноӣ.
Дар конфронс ҷаласаҳои мавзӯӣ дар чаҳор самт доир мегардад; Таъсири иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо, Амалҳои стратегӣ оид ба идоракунии пиряхҳо барои дастгирии давлатҳои хурди рӯ ба тараққӣ, Пиряхҳо ва мавҷудияти об дар иқлими тағйирёбанда: аз пиряхҳо то баҳр, Хатари пиряхҳо ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ: «Огоҳӣ барои ҳама».
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.