14-уми марти соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, намояндагони вазорату идораҳо ва сармоягузор ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ баргузор гашт.
Зимни ҷаласа масъалаи густариши истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар кишвар, махсусан таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ширкатҳои чинии «Wuhan Building Material Industry Design & Reserch Institute Co Ltd.» ва «Eging PV Technology Group» рӯнамоҳои худро ҷиҳати бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон пешниҳод намуданд.
Рӯнамоҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Гурӯҳи корӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, пешниҳодҳои мушаххас барои баррасии минбаъда манзур гардиданд.