Ҷаласаи васеи Платформаи миллӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Платформаи миллӣ, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Платформаи миллӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ — роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошанд, ширкат доштанд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, татбиқи Стратегияи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи марҳилаи якуми Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ барои давраи то соли 2037 ва маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Конфронси байналмиллалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баррасии масъалаи низоми огоҳкунии бармаҳал аз офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, рафти иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустҳкамкунӣ барои солҳои 2023-2027, татбиқи ташаббуси “Огоҳкунии бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон, баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа вохӯрӣ байни аъзоён ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ, масъалаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҷудогардида, табодули афкор сурат гирифт.

Гулрӯ Ниёзова,

радиои «Тоҷикистон«