Баргузории Конфронс бахшида ба Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар ДМТ

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон — манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” бахшида ба соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд.

Дар Конфронс асосан оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт, оид ба обанборҳои Тоҷикистон, вобастагии ҳаракати пиряхи Хирсон аз тағйирёбии иқлим, таҳлили ҳолати  имрӯзаи  ҳавзаи чапи дарёи Панҷ, ҳифзу мутобиқсозии пиряхҳои Тоҷикистон  дар шароити тағйирёбии иқлим, шароити гидрогеологии қисми ҷанубу ғарбии ҳавзаи артезиагии Фарғона, шабакаи гидрогеологӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба тахмини бехатарии обию энергетикии ҳавзаи дарёи Зарафшон, оқибатҳои экологии обшавии пиряхҳо, масъалаи ҳифзи ҳуқуқии об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра олимони дохиливу хориҷӣ суханронӣ намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз Конфронси мазкур дар бахшҳои масоили геологӣ ва бахши илмҳои техникӣ  кори худро идома дода, тадқиқотҳои худро олимон ба ҳозирин  пешниҳод менамоянд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар аксари муассисаҳои илмиву тадқиқотии кишвар идома дошта,  дар соли равон баргузории Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон рӯзҳои 29-31 майи соли равон дар назар аст.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”