Бо назардошти пандемия КОВИД-19 арзиши баъзе хизматрасониҳои тиббӣ поён бурда шуд  

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд, ки бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ дар давраи пандемияи КОВИД-19 арзиши як қатор хизматрасониҳои тиббиро дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ поён бурданд. 

Азбаски барои муоинаи тиббии марбут ба КОВИД-19  бештар  ташхисҳои  ренгенӣ лозим меояд, барои дастрасӣ доштани шаҳрвандон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ,  арзиши ин намуди ташхисҳоро  паст  намуданд.

Зайнулло  Шарифов иҷрокунандаи Сардори Раёсати иқтисодӣ  ва банақшагирии буҷети  соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат бо мо  шарҳ дод, ки ташхиси дастгоҳҳои гаронарзиши тиббӣ монанди томографияи компютерии қафаси сина, агар  пештар 350 сомонӣ  арзиш дошт, ҳоло бошад, ниёзмандон метавонанд ин ташхисро бо маблағи 250 сомонӣ гузаранд. Дар муассисаҳои тиббии давлатӣ  бошад,  ин хизматрасонӣ 150 сомонӣ  муқаррар  гардидааст. Ренгени қафаси сина бошад пештар  аз 50 то 75 сомонӣ дар  муассисаҳои тиббии  хусусӣ арзиш дошт, ҳоло бошад 50 сомонӣ муқаррар шуд. Ин намуди ташхис дар муассисаҳои тиббии давлатӣ   аз  50 то  ба  40 сомонӣ  поён фароварда шуд.

Ин иқдом бо  тавсияи   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз ҷониби   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  тибқи тартиби  муқараргардидаи супоришҳои дар доираи ҷаласаи  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемикӣ ҷиҳати  пешгирӣ интиқол ва пайдоиши вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати кишвар таҳти рақами 600, ки 2-юми декабри соли 2008 дар бораи тартиб ва арзиши хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатӣ муқаррар гардида буд. Ахиран ба ин Қарор тағйиру иловаҳо ворид гардид. Ба гуфтаи Зайнулло Шарифов муассисаҳои тиббии хусусӣ низ ин иқдомро дастгирӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ин иқдом муваққатӣ аст.

Идигул  Раҷабова

радиои  “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *