Матубот: “Қарори 117. Чаро дар иҷрои он бемасъулятӣ зоҳир мешавад?”, “Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст!”   

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 ноябр мақолае бо номи “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои давлатдорӣ” навишт, “дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, ба сурати табиӣ дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ин шахсияти ҷаҳонӣ дар роҳи наҷоти давлату миллат ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ пеши назар меоянд”.

Нашрия “Ҷумҳурият” дар мақолаи дигаре бо номи “Қарори 117. Чаро дар иҷрои он бемасъулятӣ зоҳир мешавад?” аз дуруст иҷро нашудани қарори Ҳукумат «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» интиқод кардааст.

Муаллиф баъди анҷоми таҳқиқот ба хулосае расидааст, ки дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби моликони иншооту шабакаҳои хусусии обтаъминкунӣ ва баъзе корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба корхона ягон ҳисобот пешниҳод нашудааст.

Изофа бар ин ба навишати муаллиф,  моликони иншооту шабакаҳо, ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳо, ки вазифадоранд аз шабакаҳои обтаъминкунӣ ҳисобот талаб намоянд, нисбат ба иҷрои қарори мазкур бепарвоӣ зоҳир намуда, онро нодида мегиранд.

      “Садои мардум”– нашрияи Маҷлиси Олии ҶТ дар матлабе бо номи “Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст!” навиштааст, ки ба хотири эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмӯъ, ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

“Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Чаро иқлим тағйир меёбад?” сабаб ва паёмадҳои тағирёбии иқлимро баррасӣ кардааст. Муаллиф Зуфар Исмоилзода раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар ин мақола навиштааст, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар партоби газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои охирро дар ҷаҳон ишғол мекунад, аммо аз таъсири тағйирёбии иқлим дар канор намондааст. Аз ҷумла дар кишвар 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд, ки дар чил соли охир, беш аз 100 пирях пурра аз байн рафтааст.

Ба навишати муаллиф,  бо вуҷуди кам будани меёри партови газҳои гулхонаӣ ва рушди энергияи сабз дар кишвар, ки ба беҳтар шудани муҳити зист ва вазъи экологии минтақа мусоидат мекунад, Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим аст ва чанд сол боз аз оқибатҳои он зарари ҷиддӣ мебинад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақолае бо номи “Донишҷӯй, аз як сӯ ронда, аз як сӯ монда”, навиштааст, ба далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коранавирус донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, дар Тоҷикистон дар мондаанд.

Нашрия аз қавли Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон навиштааст, ки айни замон ҳудуди 1500 нафар донишҷӯён, ки муҳассили макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, дар ҷумҳурӣ қарор доранд. Ба гуфтаи вай ахиран бо ҳамкории мақомоти зиддахл танҳо 80 нафар донишҷӯ тариқи парвозҳои махсус ба Беларусия ва Украина барои идомаи таҳсил, сафар кардаанд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи муаллиф, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм дар мулоқот бо донишҷуён тоҷике, ки ба далели баста будани марзҳо дармондаанд,  ваъда додааст, ки то кушода шудани роҳ онҳо метавонад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намоянд.

Нашрия «Самак» дар матлабе аз 20 дар сад боло рафтани нархи ангишт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳафтанома аз қавли як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навиштааст, ки  нархи як килограмм ангишт аз 1 сомониву 40 дирам то ба 1 сомониву  70 дирам  афзоиш ёфтааст.  Яъне як тонна ангишт ба 1700 сомонӣ баробар шудааст.

Аз сӯи дигар нашрия аз қавли Фирӯзбек Сайфуллоев мудири корхонаи истихроҷи ангишти  “Фон Яғноб” навиштааст, ки як тонна хокаи ангишт дар ин кон аз 295 то 345 сомонӣ арзиш дорад.

Ҳафтанома то такя ба омори шуъбаи саноати ҳукумати вилояти  Суғд иттилоъ додааст, ки аз сӯи шаш корхонаи истихроҷи ангишт дар ҳудуди вилоят дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 540 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд, ки ин  рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта  ҳудуди 25 ҳазор тонна кам аст.

Нашрияи Asia Plus” аз баррасӣ ва нуқта гузоштан дар баҳси Абдумалик Қодиров бо созмони «Интернеюс Тоҷикистон» дар додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонӣ хабар дода аст.  Бино ба иттиллои ин рӯзнома додгоҳ, пас аз баррасии ниҳоии парвандаи баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо созмони амрикоии «Интернюз Тоҷикистон» ҳукм баровард, ки Қодиров ба ҷойи кораш барқарор шавад.

Ҳамчунин дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки  маоши ҳаштмоҳаи Қодиров, аз моҳи апрел то ноябр ва 20 ҳазор сомони дигар хароҷоти баҳси додгоҳӣ низ ба вай  пардохта шавад. Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 инҷониб роҳбари дафтари тоҷикистонии созмони амрикоии «Интернюс»-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои Қодиров, қарори аз вазифа озод кардани ў хилофи Кодекси меҳнати Тоҷикистон ва низомномаи ин созмон аст.

Нашрияи Asia Plus” дар матлаби дигаре, аз  коҳиши арзиши манзил дар шаҳри шаҳри Душанбе хабар дода аст.  Ба  иттиллои ин нашрия дар 9 моҳи соли ҷорӣ сохтмони биноҳҳои маскунӣ дар пойтахти кишвар дар ҳоли афзоиш аст, вале бо сабаби  набудани талабот  нархи онҳо коҳиш меёбад.

Ба навиштаи ин ҳафтанома айни замон нархи 1 метри мураббаи манзил дар шаҳри Душанбе аз 350 то 750 долларо ташкил медиҳад. Масалан дар ноҳияи Шоҳмансур арзиши ҳар метрии мураббаъ 560 доллар, Сино 480,  Фирдавсӣ 480 ва дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ бошад 670 доларро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта аризиши ҳар метри мураббаъ аз ошёнаи  1-ум то 8-ум дар ноҳияи И. Сомонӣ  аз 800 то 1000 доллар фурухта мешуд. Феълан арзиши як метрии мураббаъ дар биноҳои истиқоматии ҳамин ноҳия аз 650 то 700 доллар арзиш дошта, ошёнаҳои болои аз ин ҳам арзонтар мебошад. Нашрия аз қавли яке аз менеҷерони ширкатҳои  сохтмонӣ навиштааст, ки дар гузашта то ба иттмом  расонидани  корҳои сохтмонӣ, алакай ҳамаи ҳуҷраҳо фурўхта мешудаанд.

Ҳафтанома бо такя ба иттиллои Агентии омори кишвар навиштааст, ки дар нимсолаи авали соли ҷорӣ сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон 62, 3 ҳатор  метри мураббаро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32, 8 % зиёд аст.

Ҳафтаномаи “СССР” дар равзанаи сардабир ба қазияи даргириҳои мусаллаҳона миёни Озарбойҷон ва Арманистон барои минтақаи Қарабоғ ва созиши ахир миёни ду тараф таваҷҷуҳ карда аст.

Муаллиф дар фарҷом хулоса кардааст, ки аз ин гиру дор танҳо як чиз мушахас ва равшан шуд, яъне Кремл дӯсти вафодор шуда наметавонад ва дар шароити барояш мувофиқ дилхоҳ шарики стратегиашро зери хатар раҳо месозад.  Ба гуфтаи муаллиф аз ҷанги Қарабоғ Тоҷикистон бояд ибрат гирифта, набояд ба умеди дигарон шуда, баракс бояд  артиши худро муҷаҳҳаз кунад.

Зиёратшои Аҳмадшо

 радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *