Чин: Барои иштирок дар бозиҳои ҷаҳонӣ роботҳои одамшакл ихтироъ мегардад

Муҳандисони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иштирок дар бозиҳои ҷаҳонӣ роботҳои одамшаклро ихтироъ мекунанд. Тавре агентии иттилоотии Синхуа хабар медиҳад, алаккай дар пешорӯи Бозиҳои ҷаҳонии имсола дар шаҳри Ченгду ҳафт роботи одамшакл ба намоиш гузошта шуд, ки онҳо аз ҷониби Маркази инноватсионии роботҳои инсонии Ченгду ихтироъ шудаанд. Роботҳои таҳиягардида, қобилияти дарк ва иҷрои амалҳо буда, ҳар кадоми он вобаста ба вазифаҳои гузошташуда фаъолият мекунанд. Интизор меравад, ки бозори чунин роботҳо дар Чин то соли 2029 то 1,02 миллиард доллар афзоиш ёбад, ки ин аз рушди босуръати ин бахш гувоҳӣ медиҳад.