Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2024, эҳё ва таҷлили ҷашни бостонии Сада дар кишвар, масъалаи истифода аз неруи офтоб барои тавлиди барқ дар кишвар ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 январ мақолае бо номи “Бо мардум ва барои мардум ё корномаи Пешвои миллат дар соли 2024 бо рақамҳо” чоп кардааст.
Муаллиф дар ин матлаб муфассал аз корномаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соли 2024 натиҷагирӣ кардааст.
Муаллиф менависад, соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои гуногуни ҷомеа дидору мулоқотҳои судманде анҷом доданд, ки дар ин миён се мулоқоти Сарвари давлат – бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, аҳли илми кишвар, аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш дорои аҳамияти хосу таърихӣ буданд. Зеро дар суханрониҳои Сарвари давлат зимни ин мулоқотҳо муҳимтарин масъалҳое матраҳ шуданд, ки дар вазъи печидаи ҷаҳони муосир барои ҷомеаи мо қобили мулоҳиза буда, бархӯрди оқилона нисбат ба онҳо тақозо мегардад.
Дар идома муаллиф зикр мекунад, ки сармоягузории хориҷӣ ба бунёди неругоҳи Роғунро, ки ба моҳи декабри соли 2024 рост омад, метавон бузургтарин эътирофи далелҳо ва ҳақгӯиҳои Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон дар масоили обу энергетика номид. Зеро давоми солҳои 2023-2024 созишномаҳои молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 911,7 млн доллар бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб ба имзо расонда шуд.
Илова бар ин, бо мақсади ҷалби қарзи давлатӣ аз Ҷумҳурии Италия дар ҳаҷми 150 млн евро, Бонки аврупоии сармоягузорӣ 550 млн доллари ИМА, Фонди рушди Абу-Забӣ 100 млн доллар ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 250 млн доллар аз Бонки осиёии рушд идома дорад, ки бовар аст, қарорҳои дахлдор дар ин бора низ қабул хоҳанд шуд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 январ матлабе зери унвони “Сада ва таҷассуми суннатҳои аҷдодӣ” чоп намуда, менависад, ки рӯй овардану арҷ гузоштан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақомӯзӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайр ва ҳамзамон, заминаи қавӣ барои ояндаи дурахшони миллат маҳсуб меёбад.
Ба навиштаи муаллиф, тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30-юми январи солшумории милодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: “Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад”.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамадуни башарӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Гуфта мешавад, ки сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ, Ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.
Ба хулосаи муаллиф, тамаддуни илмӣ идҳои сегонаи кишоварзонро ба гурӯҳи ҷашнҳое мансуб медонад, ки бо худ покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 27 январ мақолае бо номи “Рӯзҳои офтобиро самаранок истифода намоем” чоп карда, масъалаи аҳамияти истифода аз неруи офтоб дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Муаллиф менависад, ки оқилона истифода бурдани энергияи офтоб, ки манбаи тамомнашавандаи гармию рӯшанӣ мебошад, манфиати зиёд хоҳад овард, зеро дар 15 дақиқа офтоб ба сайёраи мо он қадар энергия мефиристад, ки ба инсоният тӯли як сол кифоя мекунад.
Барои мисол ба навиштаи муаллиф, соли 2023 иқтидори неругоҳҳои офтобии Чин 55,2 дарсад афзуда, ҳамин тавр, иқтидори умумии истеҳсоли неругоҳҳои офтобии Чин дар соли 2023 ба 2920 гигаватт расид, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон мебошад.
Муаллиф дар идома мегӯяд, ки мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 миллиард киловатт/соатро ташкил диҳад.
Ба гуфтаи муаллиф, агар дар ҷумҳурии мо низ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавонем аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем. Ҳамзамон неруи барқи аз ин ҳисоб сарфашударо метавонем бо нархи баландтар ба хориҷи кишвар содирот намоем, ки ин ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 29 январ дар муроҷиат ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон матлабе бо номи “Консерте, ки бояд дар Душанбе садо диҳад!” нашр кардааст.
Муаллиф хотиррасон мекунад, консерте, ки бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли гузашта дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис бо иштироки сарояндаи номвари тоҷик Нигина Амонқулова баргузор шуд, имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ ҳазорон тамошобин гирифтааст.
Ба гуфтаи муаллиф, Нигина Амонқулова дар ин консерт чанд таронаро аз ашъори Мавлоно дар ҳамовозӣ бо Ваҳиди Тоҷ ва Соро Ноилӣ дар сатҳи баланд ва бо сабки ба худ хос иҷро кардааст. Аз ҳама муҳим ӯ вақти иҷро талош накардааст, ки лаҳни сурудани худро ба лаҳни ҳамхонҳояш наздик кунад, балки тоҷикона месарояд.
Дар ин росто, муаллиф пешниҳод мекунад, ки оҳангсоз ва дирижёр Ораши Фӯлодвандро ба Душанбе даъват карда, ҳамин консерти олиҷанобро бо оркестри худамон ва ҳунармандони тоҷик ба саҳна гузоранд. Ба таъкиди муаллиф, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ зодаи Вахшонзамин буда, албатта, мероси ӯ ба тамоми башарият тааллуқ дорад, вале мо вориси ӯ ҳастем ва вазифадорем, ки ба ин номи баланд сазовор бошем.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 30 январ аз нишасти матбуотии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ натиҷагирӣ кардааст.
Нашрия бо такя ба иттилои ин ниҳод менависад, ки 67 %-и аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта, 41 % сокинони кишвар ба шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ пайвастанд.
Ҳамзамон дар ин замина зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон талафоти об дар шаҳрҳои калон то ба 60% ва дар шаҳрҳои хӯрд ба 20 дарсад мерасад. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки таъруфаҳои пасти нархи обрасонӣ ва маблағгузории нокифоя имкон намедиҳанд, ки навсозии зерсохтҳо анҷом шавад.
Дар ҳамин ҳол, дар чаҳорчӯби стратегияи миллӣ то соли 2040 ба таври қобили мулоҳиза беҳтар кардани вазъият дар назар аст. Аз ҷумла пешбинӣ шудааст, ки 90 дарсади аҳолии кишвар бо об таъмин шуда, дар шаҳрҳо ва деҳоти Тоҷикистон оби нушокӣ бевосита ба ҳар хона интиқол дода мешавад.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯз 30 январ хабар медиҳад, ки новобаста аз таъкидҳои пайваста, мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе аз санъаткорон уҳдадориҳои андозиашонро пурра иҷро накарда истодаанд.
Ба иттилои нашрия, ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар мақомоти ҳудудии андоз 1570 нафар санъаткор аз рӯи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, барандагӣ вабанаворгирӣ дар ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 395 нафар ё 36,6 дарсад бештар мебошад.
Зикр мешавад, ки маблағи андозҳои ҳисобшудаи санъаткорон дар 12 моҳи соли 2024 дар маҷмуъ, беш аз 4 млн. 551 ҳазор сомонӣ баробар шуда, дар ин давра ба буҷет 4 млн. 322 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт гардидааст.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025, ҳунармандон дар назди буҷет ба маблағи 1 млн 621 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”