Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки барои соли таҳсили 2024-2025 эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ 4301 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 46 нафар кам мебошад.
Ба иттилои Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3168 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ҷойи кор сафарбар гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 1833 нафар кам мебошад.
«Тибқи маълумоти омории пешниҳодгардида, айни замон норасоӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ 281 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора қисми зиёдаш аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.Аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1957 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб гардиданд”,- зикр намуд Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода.