Фаъолияти ҳайати эҷоди техники муассисаи давлатии «Телевизиюни Сафина» дар соли 2024 ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи фарҳанг, равона гардида буд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон Директори муассисаи «Телевизиони Сафина» Садриддин Шамсиддинзода иттилоъ дод.
Номбурда итилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 58 барномаро бо теъдоди умумии 3982 шумора мунтазам дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинандагон намуд, ки дар маҷмуъ 6480 соат вақти эфирро ташкил медиҳад.
Дар давоми соли 2024 1780 нашри барномаҳои иттилоотӣ бо давомнокии 530 соати пахши мустақим рӯйи эфир омад.
Ҳамчунин Садриддин Шамсидинзода дар нишаст илова кард, ки дар ин давра муассиса 37 филми телевизионӣ ва 18 филми ҳуҷҷатӣ таҳия гардид. Ҳамчунин 60 филми бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз 105 соат тарҷума ва дубляж карда шуд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»