Вазорати фарҳанг барои блогерон, таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқиро дар назар гирифтааст

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани масъулият ва ҳуқуқи блогерон, тартиби сабти ном ва иҷозатномадиҳии блогерон, мониторинг ва санҷиши муҳтавои барномаю матнҳо дар сомнаҳои иҷтимоӣ, муайян намудани чаҳорчубаи меърёҳои ахлоқӣ ва касбии блогерон ва риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ барои блогерон, таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқиро дар назар гирифтааст. Дар ин бора Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии номбаршуда дар робита ба воридсозии тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» ва дигар қонунҳои вобаста ба иттилоот, таҳия мегарданд.

Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар самти такмили ихтисос, хондан ва омода намудани кардрҳои соҳаи фарҳанг дар хориҷи мамлакат Вазорати фарҳанг бо Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Туркия, Ӯзбекистон ва Кория ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин тариқи 30 бурсия, ки аз тарафи Россотрудничества ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар самтҳои гунонгуни фарҳанг кадрҳо омода карда мешаванд, — илова намуд вазири фарҳанг.

Дар идомаи нишаст Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги мамлакат гуфт, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои «Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи «Тоқӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО идома дорад. Инчунин дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома дошта, Парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо фарогирии 11 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд, — илова кард, вазири фарҳанг.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг гуфта шуд, ки ҳамасола Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро зиёда аз 300 нафар хатм мекунанд, ки ин шумора дар соли 2024, 401 нафарро ташкил додааст. Муҳриддин Низомӣ ректори донишкадаи мазкур гуфт, ки ҳамасола 95% хатмкунандагони донишкада аз руи ихтисосашон ба кор ҷалб мегарданд. Бо назардошти ин Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги кишвар қайд намуд, ки ҳоло ҳам норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг эҳсос мешавад.

Сарвинози Сайидалӣ,

радиои «Тоҷикистон»