Бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 66 санадҳои меъёрии ҳуқкқиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз ҷумла ба лоиҳаи 38 кодексу қонунҳо, 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 барномаву стратегия ва консепсияҳо ва 16 фармонҳои Президенти ҶТ ва дигар санадҳо хулосаҳо пешниҳод намуданд, чунин иттилоъ дод, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода.
Вобаста ба таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон ва санҷишу мониторинг маълумот дода шуд, ки дар соли сипаришуда тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқкқи инсон, муроҷиатҳои шаҳрвандон, Нақшаи кори гурӯҳи мониторингӣ ва супоришҳои Ваколатдор аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомот 56 санҷишу мониторинг ва 20 боздид гузаронида шуд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин давра тибқи ҳисоботҳои воҳидҳои сохтории мақомоти ВҲИ аз 1212 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, ҳалли мусбии худро ёфтанд.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»