Таҳсили ҳатмии  духтарон — бунёди оилаи солим!

Илму  дониш  барои ҳар як шахс манфиатовар аст.  Маҳз тариқи илму маърифат мавқеи инсон дар ҷомеа боло  меравад. Ҳар шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, метавонад ҳалкунанда ва бартарафкунандаи тамоми мушкилоти зиндагӣ бошад. Илму дониш на танҳо дар ҷомеа, балки барои бунёди оилаҳо  низ манфиатовар аст. Махсусан, омӯхтану аз бар кардани илм  барои духтарон саривақтӣ ва ҳатмист.

 Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо аз таҳсил дур мондан ва ба ҳаёти мустақил омода набудани онҳо мебошад.

Воқеан, зан-модар тарбиятгари башар аст. Имрӯз занони бомаърифат ва боилму бофарҳанг дар ҷомеаи мо зиёданд. Ҷомеаи имрӯзаро бе зан-модар тасаввур кардан нашояд. Дар баробари он ки занон дар ҳама  соҳаҳои ҷомеаи мутамаддин  кору фаъолият менамоянд, инчунин, фарзандони бомаърифат тарбия намуда, ба камол мерасонанд. Онҳоро соҳиби илму фарҳанг мегардонанд. Чунки пойдории оила аз зан-модар ва саводу маърифати онҳо вабастагии зиёд дорад. Мутаассифона, имрӯз на ҳамаи занҳо таҳсилдида ҳастанд. Ҳарчанд ҷомеаи мо имрӯз пешрафта ҳасту ҷалби ҷавондухтарон ба макотиби олӣ бештар шуда бошад ҳам, мутаассифона боз оилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки намегузоранд, ки духтарони онҳо ҳатто мактаби миёнаро пурра таҳсил намоянд. Онҳоро зуд ба шавҳар медиҳанд. Ба андешаи равоншинос, Бибиҳафиза Маҷидова сабаби зуд ба шавҳар додани ҷавондухтарон ё ҷавонписарон боиси хонавайронии онҳо мегардад. Номбурда иброз намуд, ки:    «Имрӯзҳо боиси таассуф аст, модарон ҷавондухтарону ҷавонписаронро ба ҳаёти оиладорӣ омода намекунанд. Ва дар пошхӯрии оилаҳо мо ҳамеша ҷавондухтарон-келинчакҳое, ки нав шаҳди зиндагиро мечашанд,  гунаҳгор мекунем.  Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шояд атрофиён ҳам гунаҳгор бошанд. Оиладорӣ он нест, ки мо волидон, духтаронамонро, ки  нав мактаби миёнаро хатм кардаанд, зару зевар ё лавозимоти қимматбаҳо харида, зуд ба шавҳар диҳем. Тахминан 20-30 сол пештар духтароне, ки ба макотиби олии кишвар дохил мешуданд, аввал тамом мекарданд, мутахассис, соҳибкасб ва соҳибкор шуда, баъд оила бунёд мекарданд. Дар баробари ин, ҳунар меомӯхтанд». Ба ақидаиӯ имрӯз падару модарон ин андешаро намекунанд. Баъзан вақт модарон фикр мекунанд, ки писаронро ба ҳаёти оиладорӣ омода кардан шарт нест. Хуб мешуд, ки ҳам падару модари арӯс ва ҳам падару модари домод ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. «Духтарон, ки ҳоло нав ба ҳаёти оилавӣ қадам мегузоранду дар синни 18 солагӣ қарор доранд, дарки маънои зиндагиро намефаҳманд. Ҳаёт роҳи пурпечу тоб дорад. Вақте бо мушкилиҳои оилавӣ рӯ ба рӯ мешаванд, роҳи халосиро танҳо дар ҷудо шудани оилаи худ медонанд. Ҳар як оила қонуну қоидаҳои хоси оиладории худро доранд. Ҳар як духтаре, ки ба хонаводаи шавҳар ҳамчун келин ворид мешавад, бояд урфу одатҳои он хонаводаро аз худ намояд ва мувофиқи он амал кунад. Ба ҳамин хотир, хондану соҳибмаърифат шудани ҷавондухтарон ҳатмист» андеша дорад ҳамсӯҳбати мо.

  Тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст, теъдоди барҳам хӯрдани оилаҳо, махсусан, оилаҳои навбунёд зиёд шуда истодааст. Бархе аз волидайн намегузоранд, ки духтарон таҳсили  худро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар давом диҳанд. Ҳол он ки худи духтарон бо баҳои хубу аъло мактаби миёнаро хатм мекунанд ва хоҳиши идомаи таҳсил доранд.  Ин мушкилот бештар дар деҳаҳо ба назар мерасад. Чаро онҳо сади роҳи хондани духтарон мешаванд? Ё чӣ омилҳое вуҷуд доранд, ки волидайн духтаронро аз таҳсили илм дур мекунанд?  Дар ин маврид андешаҳои як нафар зан-модар , Нигина Назарова, ки ҳангоми сайругашт дар кӯчаҳои пойтахт ҳамсӯҳбат шудем, ба маврид аст. Ҳамсӯҳбати мо  сабаби аз таҳсил дур мондани духтаронро чунин арзёбӣ намуд:

“Падару модарон вазъи иқтисодии оиларо баҳонаи ба таҳсил фаро нагирифтани фарзандон арзёбӣ мекунанд. Хушбахтона, солҳои охир теъдоди чунин духтароне, ки аз таҳсил дур мемонанд, хеле кам шудааст”. Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо  зане, ки таҳсилдида аст, метавонад оилаи солим барпо кунад. Фарзандони ботарбия ба камол бирасонад. “Боиси таассуф аст, ки баъзе аз духтарон таҳсилро ба  анҷом намерсонанд”. Аз таҷрибаи баъзе аз одамон гуфтан ба маврид аст, ки ҷудо шудани оилаҳои ҷавон бештар ба назар мерасад. Сабаби асосӣ он аст, ки падару модарон ба зудӣ онҳоро оиладор мекунанд. Ба ҳамин хотир баъд аз 6 моҳ ё 1 сол оилаи онҳо барҳам мехӯрад. Агар духтар дар оила дарси рӯзгордорӣ омӯзад, ба ҳаёти оиладорӣ омода  шавад, таҳсили илм гирад, хуб буд”- таъкид мекунад, Нигина Назарова.

Падару модароне ҳастанд, ки хоҳиш доранд фарзандонашон таҳсили илмро давом диҳанд, аммо вазъияти иқтисодии оила дар зиндагӣ сабаби аз таҳсил дур мондани ҷавондухтарону ҷавонписарон мегардад.

Вақте духтар таҳсилдида нест, вай ба ҳаёти мустақилона омода нест. Вазифаи волидон аст, ки фарзандонро, махсусан духтаронро ба ҳаёти оиладорӣ омода намоянд. Воқеан, зане, ки таҳсилдида ҳаст, вай дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ тобовар буда, тамоми мушкилиҳои зиндагиро ба осонӣ ва бо  сабру таҳаммул бартараф мекунад, ба қадри зиндагӣ, оилаву оиладорӣ, шавҳар ва фарзандон хоҳад расид ва дар зиндагӣ устувор хоҳад буд.

Агар волидон имконияти ба таҳсил ҷалб намудани фарзандонро надоранд, метавонанд онҳоро барои омӯхтани ҳунарҳои гуногун раҳнамун карда, онҳоро ба оилаву оиладорӣ омода  намоянд, то ин ки онҳо дар нимароҳи зиндагии оилавӣ сарсону саргардон нашаванд. Тавонанд, ки бо ҳунару маҳорати худ дар зиндагӣ мавқеи худро дошта бошанд.

“Имрӯз аксари аз волидайнро тарсу ҳарос фаро мегирад. Онҳо фикр мекунанд, ки духтарон ба хотири хондан не, балки ба хотири вақтгузаронӣ ба шаҳр мераванд. Дар ҳақиқат ҳастанд чунин духтарон, вале теъдоди хеле кам. Духтаре, ки фикру ақидаи бад дорад, тарбияи хуб надидааст, агар аз хондан дур кард ва ё аз хона баромадан намонд, хоҳ нохоҳ ӯ ба роҳи бад меравад. Духтарҳое ҳастанд, ки ба хотири хондан, ба хотири идомаи таҳсил  ба Душанбешаҳр меоянд. Панҷ сол таҳсил карда, бо муваффақият донишгоҳу донишкадаҳои олиро хатм намуда, ба деҳаҳо бармегарданд. Ин гуна духтарон номбардори миллату давлат ва  ҷомеаи мо ба шумор мераванд. Ҷавондухтарон ва ҷавонписароне, ки дар макотиби олӣ таҳсил карадаанд, воқеан, роҳу равиши зиндагиро хуб мефаҳманд», мегӯяд номзади илмҳои филологӣ Беҳрӯз Шукруллоев.

Ҳар шахсе, ки оила барпо карданӣ мешавад, бояд дидаву дониста ҳамсари ҳаётии худро интихоб намояд. Вақте оиладор мешавад, бояд ояндаро фикр кунад. Духтарони таҳсилдидаро рафиқи ҳаётии худ интихоб намоянд ва ё духтарон низ бо ҷавонони бомаърифат оиладор шаванд, то тавонанд дар зиндагӣ бо маслиҳати ҳамдигар фарзандони боақлу донишро ба воя расонанд.

Духтарон барои он таҳсил мекунанд, ки оянда соҳиби касбу кор  шаванд ва зери миннати дигарон қарор нагиранд. Барои тарбияи дурусти фарзанд омода шаванд. Президенти кишвар Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо таъкид кардааст, ки духтарон бештар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бинобар ҳамин, волидайн гузоранд, ки духтарон таҳсили илм намоянд, то роҳу равиши зиндагиро фаҳмида бошанд. Духтарон низ кӯшиш намоянд, ки ба боварии волидайн сазовор бошанд. Сарбаландона, таҳсили илм намуда, илму маърифати худро боло бардоранд ва дар бунёди оила ва пешрафти ҷомеа саҳми босазои худро гузоранд.

Зарина Мухторзода,

радио «Тоҷикистон»