“Ҷумҳурият”: таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот амри зарурӣ аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон, омодагиҳо барои баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар, боздоштани ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ то соли 2027 дар Тоҷикистон ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 январ матлабе бо номи  “Паём.  Дар ободии ватан дасти ҳам бигирем!” нашр карда, менависад, ки маҳз ба туфайли сиёсати созандаи Роҳбари давлат имрӯз мо ба марҳалаи нави рушду нумӯ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодаем.

Муаллиф менависад, Сарвари давлат дар самти рушди иқтисодии кишвар дар Паём якчанд нуктаҳоро изҳор доштанд. Зикр гашт, ки ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона шуда, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Сокиншавии аҳолӣ ва чанд мушкили деҳот” чоп кардааст.

Муаллиф дар  мақола менависад, ки вазъи демографии баамаломада, пеш аз ҳама, ба мушкили сарборӣ ба шаҳрҳо ва истифода нашудани иқтидори рушди деҳот оварда мерасонад, ки аз масъалаи мубрам боқӣ мемонад.

Дар ин матлаб зикр мешавад, таҳлили ин маълумоти расмӣ нишон медиҳад, ки новобаста ба суръати бештар гирифтани шаҳрнишинӣ ва афзоиши шумораи аҳолии шаҳрҳо, аҳолии қобили меҳнат дар деҳот босуръат, яъне ба ҳисоби миёна 75800 нафар ҳамасола меафзояд.

Ин вазъият тақозо менамояд, ки дар деҳот ҷойҳои нави кории зиёд ташкил карда шавад. Хусусан, дар доираи ташаббусҳои саноатикунонии босуръат сохтмони корхонаҳои саноатӣ бештар дар деҳоти дорои аҳолии бештар ба нақша гирифта шаванд. Афзоиши бекорӣ дар деҳот имкон намедиҳад, ки иқтидори рушди деҳаҳо пурра истифода шавад. Агар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот баробар роҳандозӣ нагардад, дар он сурат тараққиёти нобаробари минтақаҳо суръат меёбад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 январ хабар медиҳад, ки ахиран дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон барои шаффоф ва ошкоро баргузор намудани интихобот, таъмини шароити баробар барои ҳамаи субъектҳое, ки дар раванди интихобот иштирок мекунанд ва муайян намудани тартиб ва василаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва қабул гардид. Ҳамин тариқ, ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирии номзад оғоз ёфта, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Ҳамзамон, тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ, истифодабарии он аз ҷониби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ шуданд.

Ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи интихобот, дастрас намудани маълумоти саривақтӣ, саҳеҳ ва ошкоро ба интихобкунандагон қарори дахлдори комиссияи марказӣ оид ба бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи ин тартиб воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ баъди бақайдгирӣ ҳуқуқи инъикоси раванди интихоботро пайдо мекунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 январ дар робита ба эълони мораторияи навбатии санҷиши соҳибкорон дар Тоҷикистон матлабе бо номи “Нафаси озод” чоп кардааст. Муаллиф менависад, давоми ду сол соҳибкорон дар кишвар ба иборае “нафаси озод” мекашанд. Бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ моратория эълон шуд. Ба ҷуз мақомоти андоз, ягон мақомоти дигар давоми солҳои 2025-2027 ҳақи дари корхонаеро кӯфтану тафтишро надоранд.

Моратория дар Тоҷикистон бори панҷум аст, ки ҷорӣ мешавад ва ба андешаи соҳибназарон, ташаббусҳои қаблӣ барои беҳтар кардани фазои соҳибкории кишвар, тақвияти саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуданд.

Ба андешаи иқтисодшинос Олим Бобоев, мораторияҳое, ки қаблан эълон ва амалӣ шуданд, натиҷаи назаррас ба бор оварданд. Зеро дар ин давра фаъолияти соҳибкории хурду калон ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ бештар гардид.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумоари худ ҳамчунин матлабе бо номи “Гул зери по. Чаро аз таҷрибаи Ҷопон истифода намебарем?” Нашр кардааст.

Муллиф менависад, ҳар баҳор Душанбе лолазор мешавад ва лолаҳои он бо ҳазор ранг ҷилвагар мешаванду дили сокинону меҳмононро лабрез аз фараҳу шодӣ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи муллиф, дар байни сокинон нафароне ҳастанд, ки ин заҳмати гулкорон ва сабзкорони пойтахтро зери по мекунанд. Ин ҳолатро дар аксар гулгаштҳои шаҳр дидан мумкин аст, ки ба болои сабза ва ё гулҳои шинонидаи коргарони корхонаи ободонӣ по мегузоранду гул ва ё сабзаи наврустаро несту нобуд мекунанд. Агар як нафар барои чанд қадам наздик кардани роҳи худ ин корро кунад, дигарон низ аз ӯ пайравӣ намуда, дар байни чанд соат гулзор ба харобазор табдил меёбад.

Дар ин замина муаллиф ёдовар мешавад, ки барои мисол дар кишвари Ҷопон барои чунин рафтор ҳатто зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 январ матлабе дар мавриди шуразор шудани заминҳои кишт навиштааст, ки дар ҷаҳон ҳар 7 гектар замин дучори шурӣ шудааст.

Ба навиштаи муаллиф, тибқи иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, дар кишвар заминҳои шур 15 дарсад ва санглох 18 дарсадро ташкил медиҳанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки ин мушкилотро инчунин истифодаи ғайримуассири замину захираҳои об, инчунин ҳолати бади шабакаҳои обрасонӣ зиёд мекунанд. Ин ҳолат боиси ботлоқшавӣ ва шур шудани заминҳо гардида, хавфи дубора шур шудани заминро дар майдони то 310 ҳазор гектар ба вуҷуд оварда, минбаъд боиси кам шудани заминҳои барои кишоварзӣ мувофиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки татбиқи Барномаи давлатӣ барои солҳои 2022-2027 имкон медиҳад, ки дар кишвар 16,9 ҳазор гектар замини обӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб шуда, дар натиҷа ҳудуди 64 ҳазор ҷойҳои нави корӣ низ фароҳам оварда шавад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”